Сафорат якҷоя бо Ҷамъияти Тоҷикистону Британияи Кабир (Пайванд) ҷалби кӯмаки моддӣ барои зарардидагон дар офатҳои табиӣ шурӯъ намуд.
Ҳамватонони мӯҳтарам,
Чуноне, ки хабардор ҳастед, рӯзҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳуриямон, аслан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаҳои шадиди селфароӣ сурат гирифтанд. Офатҳои табии зарари зиёд ба хонаводаҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ ва Рашт оварда, боиси шаҳодати ҳафт нафар шаҳрвандон гаштаанд.
Сафорат бо эҳсоси ҳамдардии амиқ якҷоя бо Ҷамъияти Тоҷикистону Британияи Кабир (Пайванд) кӯмаки моддӣ барои зарардидагон ҷалб карда истодааст.
Ҷамъияти Пайванд суратҳисоби бонкии хайрияи худро барои кӯмакрасонӣ таъмин намуд. Он дар поён оварда шудааст. Дар фармоиши бонкӣ (reference) ибораи “Help to GBAO” ворид намоед.
Lloyds Bank
228 Station Road
Harrow Middlesex
HA1 2EB
Sort code: 30-93-92
Account number: 02986835
Swift code: LOYDGB21129
Дар анҷом, маблағҳои ҷамъшуда ба суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон, ки махсусан барои мақсадҳои зерин кушода шудаанд, равон карда мешаванд.
Аз натиҷа Сафорат ҳисоботи лозимаи худро ба таваҷҷӯҳи Шумо пешниҳод менамояд
Барои пурсишу дархостҳои худ роҷеъ ба масъала метавонед бо Сафорат дар тамоз шавед. Тел. 0208 834 2113.
Аз кӯмаки сахиёнаи Шумо қаблан сипозгузорем.
Add this to your website