Download this image" target="_blank">
Click to open images!
Click to open images!
Дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомад Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов нахуст ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, роҷеъ ба аҳамияти таърихии он чунин гуфт: “16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар рӯзи 16 ноябри соли 1994 аввалин бор ҳамчун Президент савганд ёд кард”.